Медиа-гурӯҳи «Азия-Плюс», лоиҳаи IslamNews.tj ва Фонди ба номи Фридрих Эберт рӯзи 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он» конфронси байнулмилалӣ доир менамояд.

Баррасии нақши ислом дар ҷомеаи муосири тоҷик ва ояндаи кишвар, мусоидат ба таҳкими муколама миёни давлат ва дин аз ҷумлаи ҳадафҳои конфронс аст.

Директори генералии «Азия-Плюс» Умед Бобохонов дар робита ба ин масъала гуфт, дар ҷараёни баҳсу мунозираи кушоду ошкоро ҷиҳати баҳодиҳӣ ба вазъи имрӯзаи дин ва тамоилҳои рушди ислом дар Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода шуда, мушкилоти мавҷуда дар ин соҳаи ҳаёти ҷомеа ва роҳу воситаҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Воқеият ин аст, ки тайи солҳои ахир таъсири ислом дар ҷомеаи дар ҳоли афзоиш аст, - мегӯяд У.Бобохонов. – Ин хуб аст ё бад? Оё муборизаи мо бо он зарур аст ё онро ҳавасаманд созем? Фардо мо Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳем ва нақши ислом дар он чӣ гуна хоҳад буд? Оё ба Тоҷикистон таҳкими нақши созмонҳои тундгарои исломӣ таҳдид мекунад ва чӣ гуна метавон ба он роҳ надод? Комилан возеҳ аст, ки дигар наметавон чунин вонамуд кард, ки ин масъалаву мушкилот мавҷуд нестанд. Ин масоилро мебояд кушоду ошкоро баррасӣ намуд ва маҳз бо ин мақсад мо баҳсу мунозираи ҷамъиятиро дар ин хусус роҳандозӣ карданием. «Азия-Плюс» ва лоиҳаи IslamNews.tj ба дастгирии ин ташаббус ҳам аз ҷониби сохтори давлатӣ ва ҳам созмонҳои динии Тоҷикистон умедвор аст».

Дар кори конфронс коршиносони ватаниву хориҷӣ, намояндагони Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, ташкилотҳои динӣ, вакилони парлумон ва журналистон ширкат меварзанд. Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба сифати меҳмонон ба конфронс даъват шудаанд.