Дар робита ба амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии кӯчаи Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ дар навбати аввал биноҳои истиқоматии ду ва сеошёна ва як қатор биноҳои маъмурӣ бартараф карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ба рӯйхати иншооти бартарафшаванда дар кӯчаи Айнӣ биноҳои зерин шомиланд: биноҳои истиқоматии №№ 42, 54, 58 ва ҳамчунин як қатор биноҳои №№ 32, 34, 40, 60 ва 64, ки дар онҳо мағоза, филиали бонкҳо ва дигар муассисаҳо ҷойгиранд.

Дар хиёбони Рӯдакӣ биноҳои маъмурии №№ 11/1, 32, 33а, 37а, №№ 77, 79, 84, 103, 105, 102, 108, 110, 114, 124, 126, 128, 130, 132, 134, 136, аз ҷумла бинои маҷмааи фароғатии «Вастан», маркази «Ораш», қаҳвахонаи «Порт Саид» ва ғайра бартараф карда мешаванд. Дар кӯчаи Карамов 3 бинои маъмурӣ бартараф мегардад.

«Дар ҷойи биноҳои зикршуда асосан биноҳои истиқоматии таъиноти серсоҳа бунёд карда мешаванд», - гуфт Саидов.

Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чандин маротиба изҳор кард, ки зимни роҳандозии ин тадбир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда мешаванд.