Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов, ки 3 моҳ қабл дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург кушта шуда буд, баҳри ба хок супурдан ба ватан фиристода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз хешовандони марҳум хабар дод, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дошта, мунтазам бо намояндагони масъули тафтишот дар тамос аст, вале алҳол маълум нест, ки ҷинояткорон ёфт шуда бошанд ё на.

«Вохӯрии навбатӣ бо муфаттиш рӯзи ҷумъа баргузор мешавад ва мо умедворем, ки ягон маълумоте ба даст меорем. Ба ҳар ҳол, ба мо иҷозати ба ватан фиристодани боқимондаҳои ҷасадро ваъда доданд. Муддати 3,5 моҳ, ки ташхисҳои гуногун баргузор шуднд, мо ҷасадро гирифта натавонистем. Хешовандон дар Тоҷикистон аз чунин вазъ ба танг омадаанд», - гуфт вай.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки бо намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Санкт-Петербург Бахтиёр Исмонов низ дар робитаи доимӣ мебошад. «Намояндаи хадамот низ ҷараёни тафтишоти парвандаи қатли Расуловро пайгирӣ намуда, рӯзи 2-юми март дар вохӯрӣ иштирок мекунад», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 16-уми ноябри соли гузашта дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Бахтиёр Расуловро, ки ба мусофиркашонӣ машғул буд, ваҳшиёна ва бераҳмона ба қатл расониданд.

Ҷасади сухтаи ӯ дар ҷангалзор дар дохили автомашинааш дарёфт гардид. Мақомоти тафтишот сабаби ин кушторро ба ҷанҷол ва нофаҳмии маъмулӣ нисбат медиҳанд.