Ба беш аз 100 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон ба таври ройгон телефони доимӣ (хонагӣ) насб карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров хабар дод, рӯзҳои наздик боз 50 ҳазор чунин оилаҳо бо дастгоҳҳои телефонӣ таъмин карда мешаванд.

«Дастгоҳҳои телефонӣ рӯзҳои наздик аз Чин оварда шуда, муддати 2-3 рӯз дар манзили оилаҳои бештар ниёзманд насб карда мешаванд», - гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли гузашта дар яке аз ҷаласҳои ҳукумат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқаро муваззаф сохт, ки ба таври ройгон 1 млн. оилаҳои ниёзманду камбизоати ҷумҳуриро бо телефонҳои доимӣ таъмин намояд.

А.Бекназаров таъкид кард, ки ҳамарӯза ба «Тоҷиктелеком» аз оилаҳои ниёзманд то 10 ҳазор ариза дар бораи насби чунин телефонҳо ворид мешавад, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ тасдиқ шудааст ва мувофиқи имкон ин дархостҳо қонеъ гардонида мешаванд.

«Тоҷиктелеком» як адад дастгоҳи телефониро бо арзиши 40 сомонӣ (8,4 $) дастрас карда, онро насб месозад, ки ин ҳам дар навбати худ хароҷоти иловагӣ талаб мекунад», - иброз дошт вай ва илова намуд, ки моҳи аввал истифода аз ин телефонҳо барои оилаҳои камбизоат ройгон аст.

Номбурда инчунин гуфт, ҶСК «Тоҷиктелеком» аз 1-уми феврали соли равон тарофаҳои зангҳои хориҷшаванда ба операторони алоқаи мобилиро ба андозаи 1 дирам боло бурдааст. «Қаблан барои пайваст шудан ба телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) 2,5 дирам маблағ ситонида мешуд, аз 1-уми феврал бошад, он 3,5 дирамро ташкил медиҳад», - афзуд ӯ.