Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии Сардори хадамот Сафиалло Девонаев бо Консули Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Дин Сзянвэй доир гардид.

Тавре аз мМаркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, зимни мулоқот, Консули Ҷумҳурии Халқии Хитой Дин Цзянвэй ба ҳамкориҳои дӯстона ва муносибатҳои ҳасанаи ҳарду кишвар ёдовар шуда,миннатдории хешро аз ҳамкориҳои хубу самараноки Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Ӯ ҳамчунин, ҳангоми вохӯрӣ баён намуд, ки соҳибкорони чинӣ бинобар надонистани тарзи ҳуҷчатгузорӣ ва қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон, бо мушкилот мувоҷеҳ мегарданд.

Аз ҷониби худ, Сардори Хадамоти муҳоҷират меҳмононро хайра мақдам гуфта аз вазъи кунунии муҳоҷират ба хусус муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Чумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, фаъолияти онҳоро хуб арзёбӣ намуд.

Аз ҷумла, қайд намуд, ки саҳми муҳоҷирони меҳнатии Хитой дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ба хусус, дар сохтани нақбҳо, сохтмони иншоотҳои бузург, биноҳои замонавӣ ва таҷдиду таъмири роҳҳои кишвар назаррас аст.

Консули Ҷумҳурии Халқии Хитой дар идомаи мулоқот, омодагии хешро баҳри расонидани кӯмаки техникӣ ва омӯзонидани кормандони Хадамоти муҳоҷират бо забони хитойӣ иброз дошт. Қарор шуд, ки моҳи май омӯзиши курси забони хитойӣ дар Хадамоти муҳоҷират оғоз гардад.

Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва шиносоии тоҷирон ва соҳибкорони чинӣ бо конуну қоидаҳои буду бош, инчунин, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Тоҷикистон - Форуми соҳибкорони Хитой ва Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ, баргузор хоҳад гашт.

Дар хотима, ҷонибҳо омодагии хешро баҳри ҳамкории минбаъда баён доштанд.