Бо мақсади мӯътадилгардонии вазъияти эпидемиологии бемории гулўзиндонак (дифтерия) Вазорати тандурустӣ қарор дод, ки Рӯзҳои миллии эмгузарониро гузаронад.

Рузҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди гулӯзиндонак дар ҷумҳурӣ аз 23  то 28 апрели соли  2012 дар байни кўдакони  аз 3 то 6-сола бо ваксинаи АДС гузаронида мешавад. Дар маҷмўъ 730 031 кўдакон эм карда хоҳанд шуд. Дар рафти Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди гулӯзиндонак сатҳи фарогирӣ на кам аз 95%  бояд таъмин карда шавад.

Гулўзиндонак бемории сироятии токсикӣ буда, барангезандаи беморӣ коринобактерияҳои гулўзиндонак (С. diphtheriae) мебошанд, ки токсини барои организми одам зарароварро хориҷ мекунанд. Роҳи асосии сироятёбӣ тавассути ҳаво, инчунин  асбобҳои рўзгори сироятёфта  (бозичаҳои мулоим  ва ғайра) мебошад.

Намуди аз ҳама бештар паҳншудаи беморӣ осеб дидани бинӣ ва гулў, инчунин ғадудҳои бодомшакл мебошад. Ба бемории гулўзиндонак ҳам кўдакон ва ҳам калонсолон гирифтор мешаванд. Нуқсонҳои вазнини гулўзиндонак  дар мадди аввал миокардит, инчунин газаки роҳҳои нафас ба ҳисоб рафта, аслан боиси марганҷомӣ мешавад. Аз ин рў, танҳо эмгузаронӣ метавонад кўдаки шуморо аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорад.