Тоҷикистон аз нигоҳи вазъи солимии аҳолӣ бо касби 38,26 балл миёни 145 кишвари дунё мақоми 84-умро ишғол намуд.Рейтинги мазкур аз ҷониби коршиносони агентии Bloomberg дар асоси маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ ва Бонки ҷаҳонӣ омода шудааст.

Зимни баҳодиҳӣ ба вазъи солимии аҳолии кишварҳо меъёрҳое чун давомнокии ҳаёт, сатҳи маргумири кӯдакон, сабабҳои марг, маргумир дар гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ ва давомнокии имконпазири ҳаёти занону мардон пас аз синнусоли 65-солагӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Истеъмоли тамоку, гирифторӣ ба фарбеҳӣ, вазъи оби ошомиданӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, сатҳи пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳо ва нишондиҳандаҳои маргумир  миёни модарон ба сифати омилҳое дониста шудаанд, ки мавқеи кишварҳоро дар рейтинг поин мебаранд.

Сингапур дар раддабандии мазкур пешсаф буда, Италияву Австралия низ ба сегонаи солимтарини кишварҳо шомил гардидаанд.

Британияи Кабир мақоми 21-ум, ИМА – 33, Русия – 97 ва миёни кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ Ӯзбекистон зинаи 85-ум, Қирғизистон – 101, Туркманистон – 104 ва Қазоқистон ҷойи 111-умро касб кардаанд.