Бо қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Миллениум – рушд дар ҳамкорӣ» боздошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Ҳасанов, ҳимоятгари ташкилот хабар дод, Вазорати адлия нисбат ба ташкилоти мазкур бинобар сабаби машғул шудани аъзои «Миллениум» ба таблиғи дини насронӣ миёни аҳолӣ ва риоя накардани оинномаашон даъво пеш овардааст. Суд ин даъворо қонеъ намуд.

«Ахири соли 2010 дар манзили яке аз кормандони ташкилот иди мавлуди Исо ҷашн гирифта шуда, ба он хешовандони кормандон низ даъват шуда буданд, - мегӯяд ҳимоятгар. – Ба андешаи Вазорати адлия, ин чорабинӣ хусусияти таблиғотӣ доштааст. Аммо гуфтаниам, ки ман ва кормандони ташкилот як қатор далелҳое пеш овардем, ки кормандони ташкилот барои ҷалби мардум ба насроният ба ҳеҷ таблиғоте машғул набуданд. Ташкилот аз 16 нафар иборат буда, танҳо ду нафарашон пайрави дини насронӣ ва боқимонда мусалмононанд. Шурӯъ аз соли 2002 ташкилоти мазкур танҳо ба фаъолияти хайрия машғул буда, дар рушди варзиш кӯмак расонид ва курсҳои омӯзиши забони англисиву касби дӯзандагӣ ташкил намуд».

Ҳимоятгар мутмаин аст, ки дар фаъолияти ташкилот ҳеҷ қонуншикание ҷой надошт. «Мо аз болои қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба зинаи болоӣ шикоят бурданием», - афзуд ӯ.