Имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт нишасти дурӯза оид ба баррасии ҷараёни иҷрои Шарҳи cоли дуюми татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори нишаст аз иштироки муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов интизорӣ меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Ғоибова хабар дод, дар кори нишаст ҳамчунин раиси намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу, раиси намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, директори минтақавии Дафтари аврупоии СҶТ Жуажанна Якоб ва намояндагони тамоми созмону ташкилотҳои маҳалливу хориҷии бахши тандурустӣ дар кишвар ширкат хоҳанд варзид.

Қобили зикр аст, ки 2 августи соли 2010 Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 тасдиқ гардида буд.

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-202 мақсадҳои дарозмӯҳлати кишварро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва роҳҳои ноил шудан ба ин мақсадҳо, аз ҷумла стратегияҳо, барномаҳо ва захираҳои навсозии соҳаи ҳифзи солимиро фаро мегирад. Он ирода ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ифода намуда, ҳуҷҷати маҷмӯӣ ва бунёдии банақшагирии дурнамо буда, самтҳои минбаъдаи барномавии роҳбарияти сиёсии кишварро ифода менамояд, ки барои банақшагирии маҷмӯӣ нигаронида шуда, дар асоси муносибати асоснокшуда татбиқ мегардад.

Дар назар аст, ки дар шарҳи cоли дуюмитатбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 намояндагони шарикон оид ба рушд ширкат ва маърӯза хоҳанд кард.