Пагоҳ, 8-уми декабри соли  равон Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ ва Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Президенти Тоҷикистон оид ба масоили пешгирии бемориҳои саратони занон дар шаҳри Душанбе омӯзиш мегузаронад.

Тавре ҳамоҳангсози барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ИҶК-БМ Зарина Қурбонбекова хабар дод, дар тренинг 50 нафар намояндаҳои шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони марказҳои бӯҳронии занони ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.  

Ба қавли ӯ, омӯзишро мутахассисони соҳавии  Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ мегузаронанд. «Пас аз тренинги мазкур барои додани машварат дар маҳалҳо аз 11 то 18 декабр гузаронидани сессияҳои хурди сайёр ва муоинаи занон дар вилоятҳои Суғд (ш. Кайроққум ва Табошар) ва Хатлон (ш. Кӯлоб ва н. Вахш) дар назар аст», - афзуд номбурда. 

Қобили зикр аст, ки феълан саратони ғадуди сина аз маъмултарин бемориҳои онкологии занон маҳсуб мешавад. Ҳамасола дар ҷаҳон кариб як миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд ва теъдоди онҳо ру ба афзоиш дорад.

Дар Тоҷикистон аз рӯи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии ҶТ ҳар сол беш аз 250 нафар ба саратони ғадуди сина гирифтор мешаванд, ки синни аксарашон 45-54- сола аст.  Беш аз 70 фоизи гирифторони беморӣ ҳангоми ба дараҷаи 3 ва 4-ум расидани саратон ба духтур муроҷиат мекунанд, ки амалан он табобатнашванда аст.