Комиссияи озмунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз озмун оид ба мақолаи беҳтарин миёни рӯзноманигорон дар мавзӯи экология натиҷагирӣ кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, раиси Комиссияи озмуни мазкур, муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ супурд.
Мувофиқи қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ба ҷойи якум барои мақолаи «Мушкилоти обию энергетикии Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли он» ва мукофоти пулии 800 сомонӣ Анвар Камолиддинов, ба зинаи дуюм барои мақолаҳои «Зеленой» экономике - зелёный свет» ва «Водная политика и продовольственная безопасность» ва мукофоти пулии 600 сомонӣ Анна Калюжная ва ба мақоми сеюм барои мақолаи «Экологияи сиёсии Тошканд» ва мукофоти пулии 400 сомонӣ Қамари Аҳрор сазовор дониста шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар озмуни санаи 13-уми декабри соли 2011 аз ҷониби МН МО ҶТ эълоншуда дар маҷмӯъ 50 нафар журналистони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста