Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи қарзӣ байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2-ро вакилон бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»и Тоҷикистон Алимурод Тағоймуродов изҳор намуд, ки айни замон 48,6%-и аҳолии ҷумҳурӣ ба оби нӯшокии ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ дастрасӣ дорад.

Ба қавли ӯ, бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ як қатор созишномаҳо, аз ҷумла бо БАТР ба имзо расида, лоиҳаҳои ин бахш фарогири 20 шаҳру навоҳии кишваранд, аммо онҳоро дар саросари ҷумҳурӣ мебояд амалӣ намуд.

«Лоиҳаи мавриди баррасӣ қароргирифта ба беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳрҳои минтақаи ҷануб ва шимоли кишвар равона гардида, дар шимол он шаҳру навоҳии Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафаробод ва дар ҷануб ноҳияҳои Ёвону Ҷалолиддини Румиро дар бар мегирад», - иброз дошт Тағоймуродов.

Дар идома номбурда изҳор кард: «Барои чор ноҳияи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тибқи лоиҳаи ҷудо гардидани 15,5 млн. $, ки аз ин миқдор 8,5 млн. доллараш воситаҳои бурсӣ аст ва барои минтақаи ҷануб – 12 млн. $, ки 6 млн. доллараш воситаҳои бурсӣ аст, пешбинӣ гардидааст. Муҳлати амалисозии лоиҳа се сол, яъне то ахири соли 2016 муқаррар шудааст».

Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов, воситаҳои қарзӣ ба муҳлати 15 сол бо меъёри 1%-и солона пешниҳод шудааст. «Қарз аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳо барои хизматгузорӣ оид ба таъмини бо оби нӯшокӣ пардохта хоҳад шуд», - иброз дошт номбурда.