Анонсҳо

- 28-уми июн дар доираи мусобиқоти даври пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе 1 бозӣ баргузор мешавад: 28 июн – Хайр – ССКА Помир. Оғози бозӣ соати 18:00;

- 28 июн дар Намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ асарҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Оғоз соати 18:30.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои 28-уми июн муқаррар кардааст

1 доллари ИМА - 4,7645 сомонӣ;

1 евро - 6,1834 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0,1501 сомонӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар кӯҳҳо баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +13+18.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +32+34.