Имруз, 5 июл  дар Душанбе зимни як мизи муддавар мушкилоти муштараки рушди авруосиеии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.

Тавре дар варақаи иттилоотӣ омадааст, дар ҷараёни мизи муддавар мушкилоти муштараки инкишофи ду кишвар дар вазъияти буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва стратегияи рушди навоҳии ҷануби Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Дар нишаст инчунин натиҷаҳои экспедитсияи лоиҳавии Ҳаракати рушд якҷоя бо коршиносони пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Минтақаи махсуси иқтисодии «Панҷ» ва шаҳри Ёвон матраҳ шуданд. Дар кори мизи муддавар коршиносони пешбар ва муттахассисони ҶТ ва ФР, олимон ва таҷрибадорон ширкат доштанд.