Вазири маориф Нуриддин Саидов 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бинобар носуботии сиёсӣ дар Миср, Тоҷикистон имсол тасмим гирифтааст, аз квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Миср истифода накунад.

Қаблан 12 нафар донишҷӯён ҳамасола иборат аз баҳри таҳсил ба Миср сафар мекарданд. Донишҷӯён асосан аз рӯйи се ихтисос, шомили минтақашиносӣ, забоншиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ба макотиби олии Миср дохил шудаанд.

Тавре вазир тавзеҳ дод: «Бар пояи вазъе, ки имрӯзҳо дар Миср ба мушоҳида мерасад, мо наметавонем донишҷӯёнамонро барои таҳсил сафарбар кунем. Мо набояд ҳаёти онҳоро зери хатар гузорем».

Дар маҷмӯъ, бино ба иттилоъи вазорати маориф, соли гузашта 1269 донишҷӯй тариқи квотаҳо барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки имсол чӣ теъдод донишҷӯй фиристода мешавад. Дар ҳоли ҳозир вазорат дар мавриди квотаҳо ба Беларус ва Украина ба мувофиқа омадааст. Ба донишгоҳҳои Беларус 30 ва ба Украина 20 донишҷӯй фиристода мешаванд.

«Дар чаҳорчӯбаи созишнома дар бораи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аллакай 800 нафар аз ҳисоби буҷаи давлат барои таҳсил дар макотиби олии ФР роҳхат гирифтаанд. Озмуни дохилшавӣ ба 16 донишгоҳи ФР идома дорад», - иброз дошт Саидов.

Тибқи омори вазорат, Ҷумҳурии мардумии Чин имсол барои таҳсили ҷавонони тоҷик 135 ҷой ҷудо кардааст. Инчунин дар аввали сол аз 94 довталаб, 72-тояшон раводид гирифтанд ва барои таҳсил ба Эрон равон карда шуданд. Барои таҳсил дар ин кишвар боз 250 ҷойи холӣ мондааст.

Ёдрас мекунем, ки вазъияти Қоҳира баъд аз силсилаи бенизомиҳои созмондодаи ҷонибдорони ҷунбиши «Ихвонулмуслимин» ва собиқ раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ дар шимоли нимҷазираи Сино, дар дигар шаҳру музофотҳои Миср якбора муташанниҷ гардид.