Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муносибати фарорасии Иди Қурбон ба мактаб-парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 7475 сомонӣ кумаки хайрия расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, «Амонатбонк» аз моҳи августи соли 2007 бо амри президенти кишвар сарпарасти ҳамешагии мактаб парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1- н. Рӯдакиро ба ӯҳда дошта, давоми 5 сол дар ҳама ҷашну идҳои маросимиву давлатӣ ба ин даргоҳи таълимӣ кумак мерасонад.

«Кумак аз маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла  орду равған, биринҷу маҳсулоти қаннодӣ, гӯшту сабазавот иборат буда, барои таълимгирандагони ин мактаб-парваришгоҳ саривақтӣ ва бамаврид буд. Маблағи умумии ин кумак  7475 сомониро ташкил медиҳад», - зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти бонк.

Зимнан зикр мегардад, ки аз оғози соли ҷорӣ то ба имрӯз кумаки Бонк ба ин мактаб-парваришгоҳ 65 ҳазору 956 сомониро ташкил додааст. Роҳбарияти Раёсати Амонатбонк тасмим гирифтааст, ки дар оянда барои беҳдошти вазъи хобгоҳу таъмин намудани ин муассиса бо ҷиҳози лозима ва саривақт ҳал кардани мушкилоти  таълимгирандагони ин муассисаи таълимиву тарбиявӣ саҳмгузор бошад.