Рӯзҳои 17-18-уми октябр дар доираи Платформа барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист дар Душанбе таҳти унвони «Арзёбии таъсир ба муҳити зист ва Арзёбии стратегии экологӣ» семинар-тренинг доир мегардад.

Дар иттилоияи намояндагии ИА дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар кори семинар беш аз 40 нафар намояндагони ташкилотҳои милливу минтақавии машғул ба фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, вазорату идораҳои дахлдори кишвар, олимону аҳли ҷомеа ва коршиносони варзидаи ин соҳа иштирок доранд.

«Дар Иттиҳоди Аврупо барномаи  Арзёбии таъсир ба муҳити зист аз соли 1960 ҳамчун воситаи ҳифзи муҳити зист ва коҳиши зиёни зараровар аз фаъолияти саноатӣ истифода шуда, муқаррароти ин барнома машварати ҳатмӣ бо аҳли ҷомеа, мақомоти маҳаллии давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро тақозо менамояд ва барои пешгирии низоъҳо ва эмин нигоҳ доштани муҳити табиӣ ҳамчун воситаи пурсамар ва санҷидашуда хизмат мекунад», - гуфта мешавад дар иттилоия.

Барномаи Арзёбии стратегии экологӣ қабули қарорҳои стратегӣ барои таъмини баҳисобгирии ҷанбаҳои экологӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди устувор зимни таҳияи сиёсатҳои гуногун, нақшаҳои дарозмуддат ва барномаҳоро пешбинӣ мекунад.