Рӯзи панҷшанбе Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи панҷсола оид ба кумак ба шуъбаи хадамоти гумруки ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро ба итмом расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи иборат аз ду марҳила  соли 2008 оғоз гардида, ба омӯзиши хизматчиёни давлатии ВМКБ бо тарзи истифода аз воситаҳои муосири техникӣ бо мақсади ошкор намудани маводи кимиёвӣ – прекурсорҳои мавриди истифода дар истеҳсоли маводи мухаддир нигаронида шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалисозии лоиҳа беш аз 120 гумрукчиёни тоҷику афғон, ки 10%-ашонро занон ташкил доданд, бо методҳои ҷустҷӯву дарёфти маводи нашъаовар ва таҳлилу идоракунии хатарҳо аз наздик ошно гардиданд. Ғайр аз ин, шуъбаи хадамоти гумруки ноҳияи Мурғоб бо таҷҳизоти махсус ва воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.

«Бо назардошти афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор аз Чин ба ВМКБ ва дигар манотиқи Тоҷикистон, бо дархости хадамоти гумруки Тоҷикистон моҳи октябри соли 2013 терминали муосири назоратӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки буҷети лоиҳа ҳудуди 1 млн. евроро ташкил дода, аз ҷониби ҳукуматҳои Ҷопон, Олмон, Белгия ва Норвегия маблағгузорӣ шуд.