Аз 21-уми октябр дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар асоси лоиҳа оид ба таҳлили маълумотҳо оид ба муҳоҷират бо мақсади табодули таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо ва ХМ назди Ҳукумати ҶТ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ семинари иттилоотии MIEUX ба кор шурӯъ намуд, ки то 23-юми октябр идома меёбад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ назди ҳукумати ҶТ, дар кори семинар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи он, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии сардори Шуъба оид ба ҳамкориҳои техникӣ ҷаноби Овидию Мик, намояндаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷиратӣ ҷаноби Альфред Вогер, намояндаи Комиссияи оид ба масъалаҳои Иқтисодии Аврупо доир ба табодули маълумотҳо ва баҳодиҳии шумораи муҳоҷирон ҷаноби Андреа Кутильо ва таҷрибаи Маҷористон дар ин самт ҷаноби Аураш Маринеску ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур аз шаш давра иборат буда, дар яке аз давраҳои он табодули таҷрибаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди омӯзиш қарор мегирад.