Шароиту хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва топографияи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сабабгори асосии сатҳи баланди осебпазирии ин мамлакатҳо нисбати хавфу хатарҳои табиӣ мебошанд. Махсусан, ин ба манотиқи дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) -и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манотиқи Алай ва Чон Алай-и Ҷумҳурии Қирғизистон хос аст, ки аҳолии онҳо зуд-зуд  бо хатарҳои, аз қабили фурӯравии сел дар натиҷаи рахнашавии кўлҳои пиряхӣ, ярч (лағжиши замин), тарма ва заминҷунбӣ   дучор мешаванд.   

Бо мақсади коҳиш додани хавфу хатар ва баланд бардоштани қобилияти ҷомеа дар посух ба офатҳои табиӣ, Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) бо дастгирии молиявӣ аз тарафи Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба Кӯмакҳои Башардӯстона ва Муҳофизати Шаҳрвандӣ (ECHO) дар доираи Барномаи омодагӣ ба офатҳои табиии марҳилаи 7-ум (ДИПЕКО) ба наздикӣ лоиҳаи 18-моҳаро оид ба идоракунии хавфу хатар анҷом дод. Шумораи фоидагирандагони лоиҳа бо номи “Мусоидат намудан ба ҷомеаи устувор нисбати хафву хатар дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистону Қирғизистон” ба 70 ҳазор нафар расид. Фаъолиятҳо барои пиёда  намудани мақсадҳои  лоиҳа дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз тарафи Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иљтимои Манотиқи Қӯҳистон Фонди Оғохон   амалӣ шуданд.

Дастовардҳои асосии лоиҳаи мазкур инҳоянд:

-       Таъсис додани ду гурӯҳи ҷустуҷӯ ва наҷот ва як гурӯҳи байнимуассисавии баҳодиҳӣ ва посух ба ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади баланд бардоштани қобилиятҳои кормандони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа дар посухгардонӣ ба офатҳои табиї дар ВМКБ

-       Барномаи сатҳи минтақавӣ бо номи “Ташаббуси бехатарӣ дар мактабҳо” дар ҳудуди ВМКБ ва манотиқи Алай ва Чон Алай-и Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо Вазоратҳои маорифи ин ду давлат. Дар доираи ин барнома фаъолиятҳои зерин амалӣ гардиданд; ташкили гурӯҳҳои идоракунии хавфу хатар дар сатҳи мактаб, таъсиси Кумитаҳои коҳиш додани хавфу  хатар ва таҳияи дастури омузишӣ оиди коҳиш додани хатар барои хонандагон ва омӯзгорон ва гузарондани омӯзишҳо барои муаллимон

-       Такмили дониши кормандони хиштчини маҳаллӣ оиди сохтмони биноҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ устувор ва гарминигоҳдоранда дар  курсҳои махсуси омӯзишии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

-       Мустаҳкамкунии зидди зилзилавии макотиб ва хонаҳои истиқоматӣ аз тарафи кормандони хиштчин бо мақсади кӯмак дар  баланд бардоштани огоҳӣ ва омодагиҳои аъзои ҷомеа ва дигар сохтмончиёни деворчии маҳаллӣ оиди сохтмони биноҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ устувор

-       Тавлид ва пахш намудани филми ҳуҷҷатӣ бо мақсади дигаргун намудани муносибати аҳолии таҳҷоӣ ба масоили омодагї ба хатарҳои  аз офати табиӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

-       Баҳодиҳӣ оиди осебпазирӣ нисбати хавфу хатар дар 19 ҷамоати дорои эҳтимолияти баланди  рух додани офати табиӣ дар ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани 13 лоиҳаҳои митигатсионӣ оиди коҳиши хатар бо мақсади  муҳофизати моликият ва ҳаёти одамон

-       Ботантана ҷашн гирифтани Рузи байналхалқии коҳиш додани хавфу хатар

-       Омӯзиш ва тадқиқоти микрозонавӣ дар шаҳрҳо ва манотиқи деҳоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади кӯмак дар беҳтар намудани банақшагирии истифодабарии  замин дар оянда

Дастовардҳои лоиҳа дар омӯзиши минтақавӣ барои кормандони сохторҳои ҳукуматӣ, аз он ҷумла намояндагони Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Ҳолатҳои Фавқулоддаи  Ҷумҳурии Қирғизистон, раисони ноҳияҳо ва ҷамоатҳо муаррифї гардиданд. Намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамоатҳо барои кӯмакҳои бардавом дар коҳиш додани хавфу хатар ва баланд бардоштани қобилияти посухгардониашон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда изҳори  миннатдорӣ намуданд.   

ФОКУС яке аз шарикони иҷрокунандаи Барномаи ДИПЕКО буда, дар тӯли 10 сол фаъолиятҳои коҳиши хавфу хатар ва осебпазирї аз офатҳои табииро дар зиёда аз 250 ҷомеаҳои осебпазири ВМКБ амалї намуд. Фаъолиятҳои ФОКУС аз баҳодиҳї ба дараљаи осебпазирии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳї байни калонсолон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонї, иљро намудани лоиҳаҳои хурди митигатсионї, омӯзиши ризокорон дар сатҳи ҷамоат, таъсиси гурўҳҳои посухдиҳӣ дар мактаб ва ҳамчунин, таъмини тақвияти қобилияти техникии муассисаҳои маҳаллї, ки бо идоракунии офатҳои табиї сару кор доранд, иборат мебошанд.