Рӯзи 27-уми ноябри соли равон дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва зерҳисоботӣ» таҳти унвони «Хидматрасониҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат» конфронси байналмилалӣ баргузор  мекунад.

Тавре аз Шуъбаи ИҶК-БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади конфронси мазкур баррасии таҷрибаи байналмилалӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, баландбардории дастрасӣ ва сифатнокӣ, механизми  мониторинги ҷамъиятии сифати хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи номгӯ ва стандарткунонии хизматрасониҳои давлатӣ, имконияти истифодабарии таҷрибаи мавҷуда дар Чумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб дар ҳамкорӣ бо идораҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ лоиҳаҳои зиёдеро оид ба баландбардории сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва татбиқи ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад. Соли 2013 барномаи «Ташаббусхои шаффофият ва зерҳисоботи»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази таълими иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушд» таҳлили системаи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва имкониятҳои таҳияи номгӯи хизматрасониҳои давлатиро дар Тоҷикистон гузаронд. Дар натиҷа як қатор тавсияҳо барои мақомоти давлатие, ки дар масоили ислоҳот кор мебаранд,  тайёр карда шуданд. Дар конфронси мазкур натиҷаи  таҳлил ва тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.

Дар конфронс иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъятии Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои иштирок дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, коршиносони мустақил ва  намояндагони илму маорифи Тоҷикистон даъват мешаванд.