Анонс

- Дар мурофиаи судӣ, ки дар бинои тавқифгоҳи муваққатии КДАМ ҶТ дар Душанбе ҷараён дорад, айбдоршаванда соҳибкор Зайд Саидов сухани ниҳоии худро иброз медорад;

- Дар Истамбул Конфронси минтақавӣ дар сатҳи вазирон оид ба масоили маориф ба кори худ идома мебахшад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7736 сомонӣ;

1 евро - 6.4650 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1479 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1952 – Зодрӯзи коргардон, корманди телевизиони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Ҳалим Сангинов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф). 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +8+10.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.