Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи байналмилалии дастгирии ятимон ва бепарасторон ба бештар аз ҳазор ятим ва хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин шуъба дар 16 шаҳру ноҳияи Суғд барои маъюбон ва бепарасторон кумак намуд, ки дар маҷмӯъ, беш аз як ҳазор нафар ин кумакро дастрас намуданд.

Илхомҷон Ёқубов, раиси шуъбаи мазкур гуфтааст, дар оянда ин кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд идома хоҳад ёфт. «Мо пас аз таҳлилу баррасӣ аз ҳама қишри осебпазири онҳоро муайян намуда, кумаки ҳармоҳа ташкил менамоем.” – иброз намудааст Илҳомҷон Ёқубов.

Қобили зикр аст, ки ахиран шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд тасмим гирифта буд, ки зиёда аз 3 тонна орд, беш аз як тонна биринҷ, 1 ҳазору 500 литр равған, 1,5 тонна қанду шакар, чой, ширинӣ ва макарон ба ятимон ва хонаводаҳои ниёзман тақсим намояд.