Аз нимсолаи аввали соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба низоми нави унвонии илмии PHD мегузарад.

Дар ин бора 14-уми январ муовини ректори донишгоҳ оид ба илм Бахтовар Сафаров зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.  Ӯ қайд кард, ки дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар ва ҳукумат  қарор қабул карда шудааст.

«Дар аксари кишварҳои аврупоӣ ва ҷаҳон унвони илмии PHD роиҷ аст, ки он пас аз бакалавр ва магистр дода мешавад. Дар шароити Тоҷикистон ин унвон ба унвони номзади илм баробар аст. Аммо вақте олимони мо ба аксари кишварҳои ғарб мераванд, одатан бе PHD унвони илмиашон ба инобат гирифта намешавад. Аз ин рӯ, гузариш ба низоми PHD айни муддаост», - гуфт Сафаров.