Зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳукумат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2013 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар соли 2013 даромадҳои пулии аҳолӣ 18 фоиз ва музди моҳонаи як корманд 21,5 фоиз афзуд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, тайи соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коҳиш ёфт.

Беҳбуди сатҳи некӯаҳволиро президент дар навбати аввал ба заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми кишвар марбут медонад. «Ба шарофати заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми кишвар дар соли сипаришуда, бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, бунёди иншооти хурду бузург таъмин гардид ва ҳамаи ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд», - чунин мешуморад Эмомалӣ Раҳмон.

Президент мутмаин аст, ки дар кишварамон воситаву имкониятҳои дохилии боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина тадриҷан беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ хеле зиёданд. «Бо ин мақсад танҳо дар 10 соли охир дар мамлакат як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла 163 барномаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ қабул карда шуда, мавриди татбиқ қарор доранд. Аммо вазъи кунунии рушд аз тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангсозиву иҷрои саривақтӣ ва татбиқи сифатноки онҳоро тақозо дорад», иброз дошт президент.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо мақсади таҳкими пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаамон ва тақвият бахшидан ба раванди тараққиёти устувори иқтисодиёти кишвар, пеш аз ҳама, ба масъалаи иҷрои барномаҳои қабулшудаи рушди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои дар онҳо муқарраргардида таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, татбиқи саривақтӣ ва босифати санадҳои барномавӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.