Зимни нишасти хабарии рӯзи душанбеи ҳафтаи равон директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод, ки айни замон аз 18 корхонаи бо ариза барои гирифтани меъёри «Ҳалол» муроҷиаткарда, 12-тоашон ба он соҳиб шудаанд, ки 6-то дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ  ва 6-тои дигар дар вилояти Суғд тибқи ин меъёр фаъолият доранд.

Ба қавли вай, ба Агентӣ ҳатто як ширкати Гурҷистон, ки маҳсулоти минералӣ истеҳсол мекунад, низ ҷиҳати дастрас кардани сертификати ин меъёр муроҷиат кардаааст, зеро ширкат дар кишварҳои мусалмонӣ ҳам фаъолият дорад. «Метавон гуфт, ки оид ба сертификатсиякунонӣ мо аз таҷрибаи байнулмилалӣ ҳам бархӯрдор шудем», - гуфт ӯ, вале мушаххасан номи ин ширкати гурҷиро зикр накард.

Таври маълум имрӯз дар бозори Тоҷикистон маҳсулоти оби минералии «Набеглави» ва «Зедазени»-и ширкатҳои Гурҷистон ба фурӯш гузошта шудаанд ва шояд яке аз ҳамин ширкатҳо ба Агентӣ муроҷиат карда бошанд.

Директори «Тоҷикстандарт» ҳамчунин илова намуд, ки соли 2013 Тоҷикистон ба узвияти Созмони байнулмилалӣ оид ба сертифкатсиякуноии маҳсулоти «Ҳалол» пазируфта шуд.