Дар шаҳри Қӯрғонтеппа имсол сохтмони терминали замонавии байнаминали шуруъ хоҳад шуд.

Зимни нишасти хабарӣ раиси шаҳр Шарифхон Самиев дар ин робита изҳор намуд, ки ширкати «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» тасмим гирифтааст, ки дар Қӯрғонтеппа як терминали мусофиркашонии байналминалӣ бисозад.

Бино ба гуфти ӯ, ширкат барои сохтмони он, ки дар назди шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Сарбанд сохта мешавад, бештар аз 100 млн. сомонӣ ҷудо кардааст.

Ҷаноби Самиев гуфт, ин ширкат 100 адад автомашинаҳои тамғаи КИЯ-ро харидорӣ карда, ҳамчун такси ба таҳҷизоти замонавӣ васл кардаааст, ки ба мардум ва меҳмонони шаҳр хизмат хоҳанд кард.

«Ғайр  аз ин,  ширкати номбурда барои хатсайрҳои дохили шаҳр 3 адад автобус ворид намуда, дар сурати пӯшонида шудани хароҷот, чанд автобуси дигар низ дастрас мекунад», - илова кард Самиев.