Анонс

- Дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (хиёб. Рӯдакӣ, 17) намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои сафари ноиби президенти БҶ оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так нишасти хабарӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 09:45;

- Сафари гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес ба Тоҷикистон идома меёбад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8010 сомонӣ;

1 евро - 6.4943 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1385 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

2009 — Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси андозро, ки ситонидани роялтиро дар назар дорад, тасдиқ намуд.

2010 — Маросими барафрохтани парчами Тоҷикистон дар деҳаи олимпӣ дар Ванкувер.

1915 — Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов.

1942 – Зодрӯзи нависанда Софияи Носир.

1950 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саид Қурбонов.

1960 – Зодрӯзи журналист Раҳмон Гулзор.

1969 – Мавлуди раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -10-15, рӯзона -2-7, дар доманакӯҳҳо шабона -15-20, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-10, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -3-8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -1-6;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -9-14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона 0+2.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0-2.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0-2.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -1-3.