Дар кӯчаҳои Душанбе ниҳолҳои шоҳбулутҳои аз Белгия овардашуда шинонида мешаванд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 22 млн. сомонӣ 3 ҳазор ниҳоли шоҳбулут оварда шуда, шинонидани ниҳолҳо ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта оғоз гардида буд.

Шахcи масъул дар шинонидани ниҳолҳо Абдуфаттоҳ Холов зикр кард, ки аксари ниҳолҳо бузурганд, то ки аллакай ҳамин тобистон сокинони пойтахт аз тавонанд сардии сояи онҳо баҳра баранд. «Дар тамоми Аврупо ва Русия ба шинонидани ниҳолҳои бузургтар афзалият медиҳанд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки дар кӯчаи Айнии пойтахт шинонидани ниҳолҳои шоҳбулут ба ҷойи чинорҳои зимни васеъ кардани роҳ буридашуда идома дорад.

Ба қавли ӯ, ин дарахтон муддати на камтар аз 30 сол нашъунамо хоҳанд ёфт. «Онҳо бо рангашон фарқ карда, агар дар худи Тоҷикистон аз ин ниҳолҳо мавҷуд мебуд, ба харидани онҳо аз хориҷи кишвар зарурате набуд», - афзуд номбурда.