Бонки осиёгии рушд (БОР) ба таҳияи лоиҳае оғоз намуд, ки ба беҳбуди самаранокӣ ва сифати маълумоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Интизорӣ меравад, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба афзоиши сафи кормандони соҳибтахассус, ки ба дастрас кардани музди нисбатан баландтар имкон пайдо мекунанд, мусоидат менамояд.

Тавре аз намояндагии БОР дар Душанбе иттилоъ доданд, барои таҳияи дизайни ҷузъии лоиҳа оид ба тақвияти иштироки бахши хусусӣ дар маълумоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш аз Фонди коҳиши камбизоатии Ҷопон ҳукумати ин кишвар 700 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст. Имрӯз, 12-уми феврал намояндагони сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ва намояндагии БОР дар ҶТ дар ин хусус санади дахлдор ба имзо расониданд.

Интизорӣ меравад, ки амалисозии лоиҳа ба таҷдид ва беҳбуди методология, зербино ва сифати омӯзиш дар низоми маълумоти касбӣ-техникӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Ҳамчунин дар доираи амалисозии лоиҳа Фонди таълими касбӣ ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба омӯзиш барои қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занон таъсис дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, БОР ният дорад, ки барои амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кунад ва ин масъала ахири соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонк баррасӣ мешавад.