Рӯзи 12-уми феврал ширкати ҳавопаймоии East Air як гурӯҳ кӯдакони муҳтоҷ ба ҷарроҳиҳои мушкилро аз Тоҷикистон ба Олмон бурд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, фармоишгари парвози ҳавопаймо бо хатсайри мазкур созмони хайрияи Деҳаи Байнулмилалии Сулҳ мебошад. Ҳамасола чунин парвозро ширкат ду маротиба – моҳҳои феврал ва август анҷом медиҳад. Парвози ҳавопаймо аз шаҳрҳои Кобулу Тошканд ва Тифлис гузашта, нуқтаи таъиноти ниҳояиаш шаҳри Дуюсселдорфи Олмон аст, ки дар он ҷо ба кӯдакон аз кишварҳои гуногун кӯмаки зарурии тиббӣ расонида мешавад.

Рӯзи 12-уми феврал аз рӯи ин барнома 68 нафар кӯдакон аз Тоҷикистону Афғонистон, Ӯзбекистону Қазоқистон ва Гурҷистону Арманистон ба Олмон расонида шуданд. Рӯзи 16-уми феврал бошад, ин ҳавопаймо аз Дюсселдорф бо ҳамин хатсйар парвоз карда, кӯдакони ним сол қабл тибқи ин барнома ба Олмон овардашударо ба макони зисти доимиашон бармегардонад.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии East Air аз соли 2011 бо созмони хайрияи Деҳаи Байнулмилалии Сулҳ ҳамкорӣ дорад.