Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), рўзҳои 18-19 апрели соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналхалқии журналистика» ба 12 нафар журналистони шаҳри Душанбе ва Турсунзода, меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро омўзонд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, IWPR бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ ва ҳамчунин дар расонаҳои маҳаллӣ кам кардани мақолаҳое, ки муаллифони он ба баҳсҳои судӣ кашида мешаванд, татбиқи меъёрҳои байналмилалии журналистикаро роҳнамоӣ мекунад. Фирўз Баротов, собиқ хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳамчун тренер аз таҷрибаи баҳсҳои додгоҳии ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ба журналистони ҷавон мисолҳои воқеиро нақл кард.

Дар робитаи мустақим, иштирокчиёни тренинг барои омода кардани мақолаҳои хабарӣ- таҳлилӣ, интихоби мавзуҳои наве, ки барои хонандагони байналмилалӣ ҷолиб бошанд, баҳс намуданд. Аз ҳама ҷолиб барои иштирокчиён бахши усули гузаронидани мусоҳиба буд ва журналистоне, ки таҷрибаи бештар доштанд, чандин лаҳзаҳоро аз фаъолияти кории худ ёдовар шуданд.

«Дарк кардам, ки риояи риояи меъёрҳои касбӣ ва принсипҳои журналистика моро ҳамчун сипар ҳимоя мекунанд ва журналистро худбовар мекунад. Донишҳое, ки мо дар тули ин ду рӯзи тренинг омӯхтем, ба мо имкон медиҳанд, ки дар асоси стандартҳои байналхалқӣ мавод таҳия кунем ва бадин васила бо воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ ҳамкорӣ намоем”, гуфт яке аз иштирокдорони тренинг Давлатёри Байдулло, хабарнигори радиои Азия Плюс.

IWPR нақша дорад, дар оянда чунин тренингҳоро дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қўрғонтеппа низ, гузаронад.

Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.