Маркази исломии Тоҷикистон сомонаи расмии худ – muftiyat.tj-ро боз намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд, сомона алҳол дар реҷаи озмоишӣ фаъолият дошта, ифтитоҳи расмии он моҳи май пешбинӣ шудааст.

«Дар ин сомона тамоми маълумот дар бораи фаъолияти муфтиёт, фатвоҳо ва ҳамаи навгониҳо дар маркази исломӣ ба нашр мерасанд, то ки аҳолӣ аз фаъолияти мо огаҳӣ дошта бошанд», - иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки айни замон сомонаҳои расмии Кумитаи умури дин ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон амал мекунанд. Қаблан аз Кумитаи умури дин изҳор намуда буданд, ки маҷаллаи моҳонаи худро таъсис доданианд.