Анонс

- Соати 10-00 дар «Кохи Ваҳдат» натиҷаҳои «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2015» баррасӣ мешавад;

- Соати 09-00 дар «Душанбе-Плаза» озмуни лоиҳаҳо барои беҳтарин бино ва иншоот дар Тоҷикистон баргузор мешавад;

- Сати 09-00 дар тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионии соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда Зайд Саидов оғоз мегардад;

- Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аз соати 11-00 то 16-00 Рӯзи дарҳои боз мегузаронад. Соати 14-00 дар Маркази фарҳанги Донишгоҳ бо раҳбарияти ин муассисаи таълимӣ вохӯрӣ доир мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8215 сомонӣ;

1 евро - 6.6926 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.13 58 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии бародаршаҳрҳо.

1992 – Дар маркази шаҳри Душанбе, дар майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон гирдиҳамоиҳои стихиявӣ сурат гирифтанд.

1996 – Нашри нахустин ҳафтавори мустақили «Чархи гардун».

1900 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев.

1917 – Мавлуди Ҳунарманди халқии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова. Театри мусикиву драмавии Конибодом номи ӯро дорад.

1932 – Зодрӯзи журналист Мусофир Набиев.

1940 – Мавлуди ҳуқуқшинос, профессор Саломиддин Шарофов (собиқ Прокурори генералии ҶТ).

1953 – Зодрӯзи актёри театр Шаҳобиддин Ҳасанов.

1966 – Мавлуди журналист Сайёфи Мизроб.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола. 

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда борон меборад, раъду барқ ва жола.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.