Субҳи имрӯз, 10 июн, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 25 нафар мактаббачагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси беморони фалаҷ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисорро барои табобат дар давраи истироҳатӣ ба беморхонаи физиоперативии ба номи А. Нурматови шаҳри Хуҷанд бурд.
Ба гуфтаи масъулини ширкати мазкур, ин иқдоми онҳо амали хайриявӣ буда, ҳарсола ин корро анҷом медиҳанд. Гуфта мешавад, ин ширкат сарпарастии мактаббачагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси беморони фалаҷ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошта, ҳамзамон таъмиру тармими бинои мактаб-интернетро анҷом медиҳад.
Абдуғаффор Маҳмадов, намояндаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси беморони фалаҷ дар ноҳияи Ҳисор мегӯяд, тақрибан 7 сол инҷониб ширкат сарпарастии мактаб-интернатро ба уҳда дошта, ҳамасола кумакҳо мерасонад:
«Дар доираи ҳамин кумакҳо, имрӯз, 10 июн, ширкати «Сомон Эйр» 25 нафар хонандагони мактаб-интернатро барои табобат ба шаҳри Хуҷанд бурд. Интиқоли хонандагон ройгон буда, хароҷоти рафту омадро худи ширкат ба уҳда гирифтааст»,-мегӯяд номбурда.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ширкати «Сомон Эйр» аз кишварҳои дигар барои табобати тарбиятгирандагони мактаб-интернат табибонро меорад. Хароҷоти рафтуомади табибон низ ба дӯши ин ширкат вогузошта шудааст.
Ҳамакнун дар назар аст, ки 25 хонандаи аллакай ба Хуҷанд расида, давоми як моҳ он ҷо ба табобат фаро гирифта шаванд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста