Миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи ин санад, ин муассисаи таҳсилоти олӣ  ҳар сол 20 бурсия (квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо менамояд. Арзиши таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик 50% кам карда мешавад.  80% устодону профессорҳои филиали Донишгоҳи Лимкоквинг аз Тоҷикистон ва 20% аз Малайзия қабул карда мешавад. Забони таълим англисӣ буда, дар баробари он забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик омӯзонда мешавад. Нақшаҳои таълимӣ монанд ба донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ, ки дорои эътибори ҷаҳонӣ мебошанд, таҳия мешаванд. Ба хатмкунандагон дипломи бакалавр, магистр ва докторанти намунаи давлатии Малайзия дода мешавад.

Пас аз курси дуюм донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар Малайзия идома диҳанд, вале бо шарти кафолати бозгашт ба Тоҷикистон. Ба филиали тоҷикистонии донишгоҳ, ҳамчунин қабули донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо дар назар аст.

Ҷониби Малайзия тасмим гирифтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат филиали Донишгоҳи Лимкоквингро бо шаҳрчаи донишҷӯён ва тамоми инфрасохтори дигараш дар Тоҷикистон бунёд намояд.

Тибқи ин санад ҳамчунин табодули донишҷӯён, бакалавру магистрҳо ва устодону профессорҳо миёни Тоҷикистону Малайзия ва омӯзиши таҷрибаи якдигар ба роҳ монда мешавад.