Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар моҳи Рамазон ба оилаҳои камбизоат кумак расонад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Фарҳод Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар ин робита гуфтааст, ин тасмим бо пешниҳод ва маслиҳати аъзои ҲНИТ рӯйи кор омадааст.

«Рӯзи 29 – уми июн дар ҷаласаи раёсати шуъбаи вилоятӣ қароре қабул карда шуд, ки тибқи он, дар моҳи Рамазон ҳар як узви ҲНИТ дар вилояти Суғд ба ҳадди зӯррас ба як ё ду - се фарди камбизоат бояд кумаки моддӣ расонад», - иброз доштааст ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки  дар ин моҳи муборак аз кумаки наҳзатиён баҳраманд шудани аз 10 то 15 ҳазор нафар камбизоати суғдӣ дар назар аст.