Давоми як ҳафта нуқтаҳои фурӯши гӯшти шаҳри Душанбе бо камераҳои мушоҳидаи видеойӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои макомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз риоя нашудани нархи тавсияшудаи мақомоти шаҳрдорӣ барои фурӯши гӯшт бо маблағи на зиёдтар аз 36 сомонӣ барои як кило, шаҳрдорӣ чунин қарор қабул кардааст.

«Ба фаъолияти фурӯшандагони гӯшт тавассути камераҳои видеойӣ аъзои комиссияҳои ҷамъиятии мақомоти шаҳрдорӣ назорат мекунанд», - иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, тамоми нуқтаҳои фурӯши гӯшти шаҳри Душанбе аз пардохтҳои коммуналӣ дар моҳи Рамазон, ки ба ҳисоби миёна 900 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳанд, озод карда шуданд.

Ҳамчунин шаҳрдорӣ омодагӣ изҳор намуд, ки ба  тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши анвои маҳсулоти ниёзи аввалияи мутазаккира машғулият доранд, тибқи дархосташон аз ҳисоби буҷети шаҳр қарзҳои бефоиз ҷудо созад.

Мақомоти шаҳрдории пойтахт аз соҳибкорон даъват ба миён овард, ки бобати дарёфти савобияти ин моҳи муборак нисбати 20 анвои маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили  гӯшт, орд, нон, равғани растанӣ, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чака, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза  дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ то 10% нархҳо ибтикоран коҳиш дода шаванд.

Санаи 1-уми июл дар мақомоти шаҳрдорӣ раҳбарияти пойтахт бо фурӯшандагони гӯшт вохӯрӣ доир намуда, аз рӯи натиҷаҳои он протокол ба имзо расид. Акнун гӯшти сифаташ хуб дар Душанбе бояд бо нархи на зиёдтар аз 36 сомонӣ ба фурӯш гузошта шавад.