Дар моҳи шарифи Рамазон ва ба муносибати Рӯзи маюбон, ки ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 8-уми июл ҷашн гирифта мешавад, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанд нафар аз шахсони имконияташон маҳдудро аёдат намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷмӯъ 20 оилаи маъюбон ва афроди имконияташон маҳдудро аёдат намуда, ба онҳо маҳсулоти ғизойӣ, кумаки моддӣ ва аробачаҳои маъбӣ ҳадя кард.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷандбахшида ба Рӯзи маюбон ба 20 нафар шахсони имконияташон маҳдуд кӯмаки молӣ расонда шуда, то санаи Рӯзи маюбон - 8 июл ва давоми моҳи Рамазон қумаку дастгирӣ ба чунин шахсон идома дода мешавад.

Гуфта мешавад, аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ва саховатмандони шаҳри Хуҷанд корҳои хайру эҳсон барои ниёзмандон давом дорад.