Имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор намуд, ки соли 2015 ба хатмкунандагони мактбаҳои таҳсилоти умумӣ баргузории ҷашни «Занги камолот» манъ карда мешавад.

Ба саволи журналистон дар бораи сабаби чунин зарурат пеш омадан дар ҳоле ки имсол дар видеохостинги Youtube наворе интишор гардид, ки дар он толибилмон ин ҷашнро пуршукӯҳ таҷлил мекарданд, вазир зикр кард, ки воқеъан имсол дар ду мактаби пойтахт далели риоя нашудани ин муқаррарот ошкор гардидааст.

«Мо маросими занги охирро бекор накардем, танҳо дар бораи танзими тартиби он мутобиқи қонунҳои дахлдори кишвар қарор қабул кардем, то ки ин маросимро хонандагон бе шукӯҳу шаҳомати барзиёду бидуни хароҷоти зиёдатӣ ҷашн гиранд, аммо гуфтаниам, ки соли оянда мо умуман ҷашни «Занги камолот» дар мактабҳои Тоҷикистонро бекор карданием», - иброз дошт вазир.

Бино ба иттилои Вазорати маорифи ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 836 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд. Имсол рӯзи 7-уми июн барои 103 ҳазору 162 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон «Занги камолот» садо дод. Тибқи регламент, барои баргузории ин чорабинӣ 45 дақиқа вақт ҷудо гардид, ки дар он хатмкунандагон дар бораи таҳсил дар мактаб ҳикоят карданд. Мутобиқи қонунгузорӣ, тайи 6 соли ахир чорабиниҳои пуршукӯҳ бо иштироки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон манъ аст.

Моҳи марти соли ҷорӣ Вазорати маориф санаи баргузории чорабинии «Занги камолот»-ро рӯзи 7-уми июн муқаррар кард. Ин тасмим ба он хотир гирифта шуд, ки тайи ду соли ахир хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бидуни таътили тирамоҳиву баҳорӣ таҳсил мекунанд, вале муддати як моҳи зимистон истироҳат мекунанд. Имсол барои кӯдакони синфҳои ибтидоӣ низ таътили тирамоҳиву зимистона бекор шуд, ҳарчанд қаблан ин барои онҳо дахл надошт.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон, баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо» ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон гардид.