Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонии боғи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд ва таҳлили корҳои то ба имрӯз иҷрошуда вобаста ба азхудкунии заминҳои дашти Сомғор бо иштироки масъулини соҳа дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии назди Раиси вилоят баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст бобати корҳои то имрӯз ба сомон расидаи боғи Камоли Хуҷандӣ ва масъалаҳои муҳими мавҷдуа дар самти навсозии боғ  роҳбари ҶДММ «Ситораи Беназир» Ато Ризоӣ  суханронӣ намуда,  таъкид дошт, ки дар ин мавзеъ мақбараи Камоли Хуҷандӣ, чорбоғи Камол, хонамузе, майдони истироҳатӣ ва нишастгоҳҳои маданӣ сохта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии боғи мазкур 4 гектарро дар бар гирифта, фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилоят ба шумор меравад. Дизайни боғ ва мақбара аз ҷониби мутахассисони эронӣ тартиб дода мешавад. Тибқи лоиҳа боғи маданӣ ва фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандӣ то охири соли ҷорӣ пурра бояд омода карда шавад. Тавре мутахасиси эронӣ баён дошт, аз сабаби мавҷудияти баъзе мушкилиҳо корҳои лоиҳакашӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ анчом дода нашудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз раванди сусти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд дар ин самт корҳо ҷоннок карда шаванд. Раиси вилоят дастур дод, ки барои суръат бахшидани раванди корҳо аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад.