Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб 14 млн. 253 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатии кишвар 2 млн. 330 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст.

Директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки айни замон аз хизматгузориҳои фурудгоҳ 3 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ду ширкати хориҷӣ ва 1 ширкати маҳаллӣ, ки ҳиссааш 37%-ро ташкил медиҳад, истифода мекунанд.

«Дар ин давра 390 парвоз тариқи хатсайрҳои гуногун анҷом дода шуда, ба 91 ҳазору 858 нафар мусофир, аз ҷумла 33 ҳазору 236 нафар мусофири воридшуда ва 58 ҳазору 622 нафар мусофири хориҷшуда хизматгузорӣ шуд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Комилов, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб  нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 3 ҳазору 287 нафар мусофир иҷозати парвоз ба Русия рад карда шуд. «Аз оғози сол мо ҷойҳои кории иловагӣ таъсис дода, имрӯз дар фурудгоҳ 250 нафар машғули коранд ва музди миёнаи меҳнати моҳонаи онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.