Мувофиқи нақшаи пешбинишудаи сафари кории Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба кишвари Олтойи Федератсияи Русия мулоқоти роҳбари вилоят ва ҳайати намояндагони вилояти Суғд бо соҳибкорони кишвари Олтой баргузор гашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, вохӯрии соҳибкорон бо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар арафаи ба имзорасиии созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маъмурияти давлатии кишвари Олтой, ки яке аз бандҳои  асосии созишномаи мазкур ин ривоҷ додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва илмӣ - техникӣ мебошад, доир гашт.

Абдураҳмон Қодирӣ ба ин мулоқот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд ва зимни суханронӣ аз натиҷаҳои иқтисодӣ, имкониятҳои соҳибкорӣ, шароитҳо ва кафолатҳои давлатӣ барои инвеститсияи хориҷӣ маълумот дод ва ҳамчунин соҳибкорони кишвари Олтойро барои ҳамкорӣ дар самтҳои  барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ, ташкил намудани корхонаҳои истеҳсоли техникаи хоҷаги қишлоқ, ташкил намудани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маъдани куҳӣ ва рушди соҳаи чорводорӣ, ки имкониятҳои фаровон дорад, даъват намуд. Ҳамчунин роҳбари вилоят таъкид дошт, ки вилояти Суғд омода аст барои ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаҳои мазкур аз кишвари Олтой шароитҳои мусоид фароҳам оварад.

Намояндагони Тоҷикистон  дар мулоқот ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, таҷрибаомузии мутахасисони пешқадам дар корхонаҳо ва ҳамчунин ҷалби муаллимони русзабон ба мактабҳои вилояти Суғд барои таълими забони русӣ омодагии худро изҳор доштанд. Чуноне ки дар мулоқот Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, имкониятҳои  ҳамкории кишвари Олтой бо вилояти Суғд хеле калон буда, барои истифода намудани он бояд тадбирҳо андешида шавад. Ҳоли ҳозир 34 фоизи орд ва маҳсулоти ордӣ, 33 фоизи чубу тахта, 12 фоизи вагонҳои роҳи оҳан аз кишвари Олтойи Федератсияи Русия  ворид карда мешавад. Аз Тоҷикистон бошад 72 фоизи меваю сабзавот ва 18 фоизи нахи пахта ба Олтой содирот карда мешавад.

Соҳибкорони кишвари Олтой бо мароқ пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро шуниданд ва омодагии худро ҷиҳати таъсиси коргоҳ дар ҷодаи истеҳсоли техникаҳои хоҷагии қишлоқ, соҳаи энергетика ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баён доштанд.

Чуноне ки дар мулоқот қайд гардид, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд байни ду минтақа ин талаби замон буда, дар ин раванд заминаҳои қонунии фаъолияти соҳибкорӣ бо имзои созишномаҳои тарафайн ба роҳ монда мешавад.

Ба соҳибкорони кишвари Олтой дар бораи Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва имкониятҳои фароҳам оварда шуда ба инвесторҳои хориҷӣ маълумоти мукаммал дода шуд. Қайд гардид, ки алҳол дар вилоят сохтмони ду корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори 3 миллиону 400 тонна, корхонаҳои коркарди металҳои нодир, корхонаҳои саноати сабук бо инвеститсияи кишварҳои мутараққии дунё ба монанди Чин, Канада, ИМА, Италия, Шветсария ва ғайраҳо бомаром ҷараён дорад.

Дар вилоят ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва обод намудани роҳҳо, ки асоси рушди тиҷорат мебошад, амалӣ карда мешавад. Дар интиҳои мулоқот роҳбари вилоят бори дигар соҳибкорони кишвари Олтойро барои густариш додани ҳамкориҳо даъват намуд.