Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомудиин Сатторов ҳамватанони осебдида аз садама дар метрои Маскавро, ки дар бемористону дармонгоҳҳои шаҳр бистарианд, аёдат кард.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сафир аз бемористони шаҳрии №64, ки дар шуъбаи эҳёгарии он шаҳрванди Тоҷикистон Мӯминшо Муносибшоев бистарӣ аст, боздид намуд.

«Ба гуфтаи муовини сардухтури беморхона Анна Милто вазъи солимии Муносибшоев қаноатбахш буда, ҷарроҳон зимни муоинаи бемор ба хулосае расидаанд, ки ӯ ба ҷарроҳӣ ниёз надорад», - хабар дод Эгамзод.

Ба қавли ӯ, сипас Имомуддин Сатторов ба бемористони №7 ба аёдати Наимҷон Мавлонов рафтааст. «Маълум шуд, ки ин ҳамвтани мо аз шуъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумӣ гузаронида шуда, вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ овардааст», - иброз дошт ӯ.

Эгамзод дар бораи ба аёдати дигар шаҳрвандони тоҷики осебдида рафтани сафир маълумоти мушаххас надод. Шаҳрвандони дигари осебдидаи Тоҷикистон – Қурбонов Далер дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи №36 ва Зафарбек Сайфуллоев низ дар шуъбаи ҷарроҳии бемористони 31-и шаҳри Маскав қарор доранд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки вазъи солимии ҳардуро табибон қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи фоҷеабор дар метрои шаҳри Маскав 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок ва боз 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Чор нафари онҳо айни замон дар бемористонҳо бистарӣ буда, боз як сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Содиқов бо ҷароҳати сабук шоми ҳамон рӯз аз бемористон рухсатӣ шуд.