Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр 5 миллион сомонӣ ихтисос додааст.

Чуноне ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирулло Асадулло зимни нишасти матбуотӣ  изҳор дошт, дар маркази вилояти Хатлон  18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки аксарашон ба таъмири асосӣ ниёз доранд. 

«Дар чанд соли охир барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр аҳамият надодаанд.  Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки мактабҳоро як маротиба аз таъмири асосӣ барорем»,- иброз дошт ӯ.

Ба гуфта номбурда, соли оянда дар шаҳри Қӯрғонтеппа  сохтмони ду мактаби нави муосири таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни як вохӯрӣ бо фаъолони маркази вилоят аз набудани як мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ёдовар шуда буд.