Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов ҷиҳати ифтитоҳи шуъбаҳои нави «коргардон-басаҳнагузоранда» ва «дирижёри хор» дар коллеҷ аз вазорату идораҳои соҳавии кишвар иҷозатнома дарёфт кард.

Муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоҳиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон қабули ҳуҷҷатҳои довталабон  ба ин шуъбаҳо, ки 25 нафар ба ҳар кадоме аз шуъбаҳо дохил мешаванд, ба итмом расида истодааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар вилоят норасоии чунин мутахассисон ба мушоҳида мерасад. «Ҳамаи талоши мо баҳри омӯзиши ҷавонони минтақа дар шаҳри Душанбе ба ин ихтисосҳо бо он анҷом ёфтанд, ки минбаъд онҳо ба хонаҳояшон барнагаштанд», - зикр кард номбурда ва илова намуд, ки ифтитоҳи ин шуъбаҳо ба ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳо дар театрҳои минтақа мусоидат мекунад.