Дар авҷи мавсими оббозӣ кӯли Варзоб ва собиқ кӯли Комсомоли Душанбе баста шуданд.

Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амовли мақомоти шаҳрдории Душанбе Ҷаҳонгир Одинаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бинобар сабаби ошкор шудани риоя нагардидани меъёрҳои санитарӣ дар ин кӯлҳо, аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ва Хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ чунин қарор қабул шуда, айни замон дар минтақаҳои истироҳати Варзоб ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо чораҷӯӣ мешавад.

«Барои ин мо тасмим гирифтем, ки то анҷоми моҳи Рамазон тамоми кӯлҳои оббозӣ дар ноҳияи Варзобро бандем, зеро дар ин давра хоҳишмандони оббозӣ на он қадр зиёданд», - зикр кард Ҷаҳонгир Одинаев.

Ба қавли ӯ, кӯлҳои Варзоб танҳо пас аз санҷиши такрории шароитҳои санитарии онҳо аз ҷониби комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Хадамоти санитариву эпидемиологӣ хоҳишмандонро қабул карда метавонанд.