Ҳашт ҳунарманди тоҷик барои иштирок дар чорабиниҳои Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" таҳти маблағгузории муштарак ва амалиёт аз тарафи ташкилоти Cesv, ба Бишкек сафар мекунанд.
Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, косибон, аъзоёни Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) аз Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Истаравшан ва Хоруғ гирд омада, ҳунармандони соҳаи кулолӣ, чўбтарошӣ, истеҳсоли намад ва маҳсулоти ҷавоҳирӣ мебошанд. Онҳо дар семинари амалии ҳафтрӯза имкони мубодилаи таҷриба доранд, ва семинар аз тарафи дизайнери итолиёвӣ роҳбаладӣ мегардад. Ҳунармандони тоҷик ҳамроҳи чор ҳамкасбони қирғизи худ дар устохонаҳои онҳо вохӯрда, таҳти назорати мутахассиси аврупоӣ якҷоя маҳсулоти наверо истеҳсол менамоянд, ки беҳтарин тарзу усули косибии миллии тоҷику қирғизро инъикос намуда, аз нигоҳи дизайни муосири аврупоӣ инкишоф дода шудааст.
Семинар аз 21 то 27 июл идома ёфта, рӯзи 24 июл ҳунармандони тоҷик имконият доранд, ки дар конфронси байналхалқии "Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун рукни асосии пешбарии ҳунармандии Осиёи Марказӣ дар бозорҳои фурўшии байналхалқӣ" иштирок варзанд. Конфронс ҳунармандон, мансабдорони давлатӣ, мутахассисони осиёгӣ ва аврупоиро барои муайян намудани стратегияи беҳтар намудани дастрасии ҳунармандони Осиёи Марказӣ ба бозори хориҷӣ ба ҳам оварда, расман IX-умин фестивали байналхалқии "ОЙМО"-ро мекушояд.
Фестивал “ОЙМО” аз тарафи CACSARC-Kg - корхонаи пешсаф дар соҳаи ҳунармандии Қирғизистон ташкил гардида, чорабинии босуботест, ки тӯли 2 ҳафта давом ёфта, ҳар сол ҳунармандон ва сайёҳони зиёдеро аз Осиёи Марказӣ ва Аврупо ҷалб менамояд. Соли ҷорӣ фестивал тариқи маблағгузории молиявӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, кӯмаки Cesvi ва ташкилоти шарики қирғизи он "Клуби Хизматии Бишкек" (Бишкекский Деловой Клуб) барпо гардидааст. Ба шарофати саъйю кӯшиши байни лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва CACSARC-Kg, ҳунармандони тоҷик 28 июл ба Чолпон Ата, соҳили Иссиқ-кӯл, сафар мекунанд ва давоми як ҳафта имконият доранд беҳтарин маҳсулоти худро дар намоишгоҳи боэътибори ярмаркаи ҳунармандии “ОЙМО” пешкаш намоянд.
Лоиҳаи "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" дар давоми 2 сол амалӣ гашта, дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо "Осиёи Марказӣ - Инвест" маблағгузорӣ гардида, ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар рушти соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста