Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба телефони боварӣ (8 34 22, 6 22 22)-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 247 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюбс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин миқдор муроҷиатҳо 121-тоаш ба масъалаи амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 30-тоаш ба фаъолияти кормандони Шуъбаи раводид ва бақайдгирӣ, 38-тоаш ба амалҳои кормадони БДА, 51-тоаш ба содир шудани ҷиноятҳо ва 44 –тоаш ба қонушиканиҳои маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандон марбут буданд.

«Ҳамчунин дар 20 муроҷиати телефонӣ шаҳрвандон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миннатдорӣ изҳор намуданд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Акбар Шарифов, ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон тариқи телефон аз ҷониби шуъбаҳои дахлдор ва кормандони масъул баррасӣ шуда, аз натиҷаҳои он ба муроҷиакунанда хаттӣ хабар дода мешавад.

«Агар соли 2012 ба телефони боварии Раёсат, ки шабонарӯзӣ фаъолият мекунад, 159 нафар бо шикояту дархостҳо муроҷиат карда бошанд, пас давоми соли 2013 ин шумор аллакай 520 нафарро ташкил дод», - афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки телефони боварии Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз моҳи майи соли 2012 амал мекунад.