Дар ноҳияи Қубодиён гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода мешавад.

Чуноне ки директори коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа Аскар Нуриддинов хабар дод,  аз соли хониши 2014-2015 ду гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар ноҳияи Қубодиён таъсис дода мешавад.

«То ба имрӯз гурӯҳҳои мақсаднок дар назди беморхонаҳои марказии 11 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа фаъолият доранд. Аз соли хониши нав боз ду гурӯҳи нав бар асоси дархости раиси ноҳияи Қубодиён дар ин ноҳия кушода мешаванд», - иброздошт ӯ.

Ба қавли Нуриддинов, мақсад аз кушодани гурӯҳои мақсаднок дар шаҳру навоҳии минтақа таъмини муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои миёнаи тиббӣ  мебошад. «Дар соли хониши 2013-2014 дар гурӯҳҳои мақсаднок 357 нафар донишҷуён таҳсил менамоянд, - изҳор дошт директори коллеҷ.